Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон(ҲИИТ) ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ рӯйхати номзадҳояшон ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз хавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявиро пешниҳод кардаанд.

Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додзода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба рӯйхати ҲСТ ҳафт номзад ва ба рӯйхати ҲИИТ шаш нафар номзадҳо шомил гардидаанд. «Интизорӣ дорем, ки имрӯз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ чунин рӯйхатҳои худро ба мо пешниҳод мекунанд», - иброз намояндаи КМИР.

Ба гуфтаи ӯ, шахсоне, ки ҳамчун номзад ба вакилӣ пешбарӣ шудаанд, аз рӯйи маълумотномаи ВКД Тоҷикистон оид ба доғи судӣ доштан ё надоштан, донистани забони тоҷикӣ санҷида шуда, уҳдадорнад, ки дар бораи вазъи солимӣ вад аромадҳояшон ба КМИР ҳуҷчатҳои дахлдор пешниҳод намоянд.

Зимнан зикр гардид, ки бақайдгирии номзадҳо ба вакилӣ 60 рӯз пештар аз интихобот оғоз гардида, 45 рӯз то интихобот ба итмом мерасад.