Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони нахуствазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф дар робита ба хабари ҳамлаи гурӯҳи мусаллаҳи Толибон ба як мактаби шаҳри Пешовар, ки ҳалокати беш аз сад нафар кӯдакону омӯзгорон ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар шаҳрвандони Покистон боис гардид, барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон шудааст, ки «ин ҳодисаи ваҳшатангез, ки чеҳраи манҳуси терроризми байналмилалиро бори дигар ба оламиён нишон дод, иродаи моро ҷиҳати идомаи муборизаи беамону дастаҷамъӣ бо ин зуҳуроти нангини аср қавитар хоҳад кард ва ҳамкориҳои бештари ҷомеаи ҷаҳониро дар самти пешгирӣ аз хушунату ифротгароӣ такон хоҳад дод».
«Хоҳишмандам маротиби тасаллиёт ва ҳамдардии мардум ва ҳукумати Тоҷикистонро қабул фармоед ва эҳсоси гарми дӯстонаи моро ба пайвандони бегуноҳ кушташудагон ва маҷрӯҳон бирасонед», - изҳори ҳамдардӣ мешавад дар барқия.



"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 38
"Сомон Эйр" парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе–Дубай муваққатан боздошт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 марти соли 2026
Аз тавсияи ВКХ барои тоҷикистониҳо то омори кушташудаҳо дар Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон
“Охирин аксе, ки бурд ӯ - акси шуми қотилаш буд”. Ёддошти дӯстии Муҳиддин Олимпур бо Лоиқ Шералӣ
Фонди Абу-Забӣ барои сохтмони НБО “Роғун” $100 млн медиҳад. Шарту шароити қарз маълум шуд
Соли гузашта беш аз 62% даромади буҷети давлатиро андозҳо ташкил додаанд
“Ба ноумедӣ роҳ надиҳед”. Ҳушдори чанд сафорати Тоҷикистон дар кишварҳои Ховари Миёна ба шаҳрвандони кишвар
Варзишгарони тоҷик аз “Tashkent Grand Slam 2026” бо як медали тилло ва як нишони биринҷӣ бармегарданд
Аз оғози моҳи Рамазон ва тағйири реҷаи “лимит”, то ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва марги Хоманаӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста