Дар ҷаласаи имрӯзаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ раиси Ҳизби комунист ва вакили парлумон Шодӣ Шабдолов зидди тасдиқи Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистону Латвия дар бораи мубориза бо терроризм, ҷинояткории муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори назар кард.

«Кишварҳо терроризмро ба гунаҳои зиёде шарҳ медиҳанд, бархе ҳатто барои пиёдасозии манфиатҳои худ ҳаракатҳои озодихоҳона, иқдомҳои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, забони модарӣ ва таъмини тамомияти арзии давлатро низ терроризм ном мебаранд», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи раиси ҲКТ, аксари кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), Иттиҳоди Аврупо, кишварҳи назди Балтика, аз ҷумла Латвия низ талошҳои мардуми шарқи Украинаро барои ҳимоят аз ҳуқуқу озодиҳо ва забони модариашон терроризм арзёбӣ мекунанд, вале касонеро, ки ба сари мардуми осоишта гулӯлаи тиру тӯп ҳавола мекунанд, демократ меноманд. «Агар дар созишномаи Тоҷикистон бо Латвия чунин ҳамкорӣ пешбинӣ шуда бошад, ман ба он мухолифам», - қайд кард Шабдолов.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки ин созишнома масоили табодули маълумот, омӯзиш, ошкор кардани ҷиноятҳо, баргузории амалиёт тибқи методи «таҳвили зери назорат»-ро дар бар мегирад.