Дар шаҳри Хоруғ рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта бо иштироки 120 нафар вакилон аз ноҳияҳои ВМКБ конфронси ташкилоти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар ин вилоят доир гардид.
Котиби якуми Кумитаи вилоятии ҲКТ дар ВМКБ, узви раёсати Кумитаи марказии ҲКТ Хусрав Рақамов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар конфронс 9 нафар коммунистони вилоят ба анҷумани рӯзи 27-уми декабри пешазинтихоботии ҳизб вакил интихоб шуданд.
Ба гуфтаи ӯ, дар конфронс лоиҳаи барномаи пешазинтихоботии ҲКТ баррасӣ шуда, дар бораи таҷлили ҷашни 90-умин солгарди таъсиси ҲКТ ва ёдбуди хотири арбобони шоистаи ҳаракати коммунистӣ – зодагони ВМКБ, ки дар қайди ҳаёт нестанд, ибрози назар карда шудааст.
«Иштирокчиёни конфронс ба аҳолии мамлакат, аҳзоби сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ перомуни нигаҳдории сулҳу субот дар кишвар ва ба тамоми коммунистони ҷумҳурӣ оид ба муттаҳидӣ дар сафҳои ҲКТ ва ба ҷудоинадозӣ роҳ надодан муроҷиатномаҳо қабул карданд», - афзуд номбурда.



Тахриби манзил дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон ҷуброн гирифт?
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?
“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?
“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54
Аз имзои санадҳои наву оғози бунёди чанд коргоҳ то ифтитоҳи бинои нави сафорату ширкат дар барномаи “Шоми дӯстӣ”
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026
Эрон бо чӣ роҳ мехоҳад дар ҷанг пирӯз шавад? Роҳбурди ҷангии Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари ҳамлаи Амрико ва Исроил
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста