Собиқ вакили палатаи поёнии парлумон ва собиқ раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латифзода, ки қаблан ба ҳайси муовини аввали раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) фаъолият дошт, имрӯз дар анҷумани пешазинтихоботӣ раиси ҳизб интихоб шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲАТ хабар дод, дар анҷуман рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тасдиқ гардид, ки дар садри ин рӯйхати иборат аз 14 нафар пешвои нави ҳизб Р.Латифзода қарор дорад. «Ояндаи наздик рӯйхати пурраи номзадҳои ҲАТ ба ҳамагон пешниҳод мешавад», - гуфт сарчашмаи хабар.
Қобили зикр аст, ки пас аз даргузашти раиси пешинаи ҳизб, вакили палатаи поёнии парлумон, академик Амир Қаракулов рӯзи 10-уми марти соли 2014, ҳизбро се муовини ӯ ва аслан муовини аввал, собиқ раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латифзода роҳбарӣ мекарданд.
Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 2005 таъсис дода шуда, айни замон дар сафҳояш ҳудуди 50 ҳазор нафарро муттаҳид мекунад ва дар палатаи поёнии парлумони даъвати кунунӣ соҳиби ду курсии вакилӣ аст.




Қурбони Собир: “Тоҷикони Самарқанду Бухоро бетарафанд ва аз ҳувияти худ дарак намедиҳанд”
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд
Дар маҷлиси навбатии ҳукумат омодагии кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2026-2027 баррасӣ шуд
Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026
Боздид аз Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ва Қалъаи Бухоро. Эмомалӣ Раҳмон дар Бухоро кадом мавзеъҳоро зиёрат кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста