Дар анҷумани рӯзи 18-уми декабри пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) тасмим гирифта шуд, ки ҲАТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ 15 нафар номзадҳо ба вакилиро пешбарӣ мекунад.
Роҳбари дастгоҳи ҲАТ Муним Абдусамадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар садри рӯйхати ҳизбӣ раиси ҳизб, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон Рустам Латифзода ва дар мақоми дуюм номзади улуми кишоварзӣ, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд Мирзоанвар Аҳмедов қарор доранд.
Бино ба гуфти манбаъ, ба рӯйхати ҳизбии ҲАТ ноиби президенти Академияи улуми кишоварзии Тоҷикистон, академик Толиббек Бухориев, муовини директори шуъбаи илмии Донишкадаи иқтисоди аграрии Академияи мазкур, номзади улуми иқтисодӣ Маҳбуба Шоазизова, академики Академияи муҳандисӣ Муним Абдусамадов ва вакили палатаи поёнии парлумон Зайниддин Сафаров шомил гардидаанд.
«Дар рӯйхати ҳибии ҲАТ ҳамчунин доктори улуми кишоварзӣ Ҳикматулло Назиров, номзади улуми филологӣ Зулфия Мирзода, муовини раиси вилояти Суғд Аҳмад Қобилов, муовини раиси ноҳияи Ҷомии вилояти Хатлон Неъматулло Холмуродов, корманди илмии Академияи улуми кишоварзӣ Мавсума Абдуллоева, директори генералии ҶСП «ТГЭС» Нуралӣ Ниёзов, номзади улуми кишоварзӣ Абдукарим Файзуллоев, роҳбари шуъбаи нозироти тухмипарварии вилояти Хатлон Меҳнатулло Сироҷев ва номзади улуми кишовразӣ Абдуласан Мамадасанов низ ҳузур доранд», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Қурбони Собир: “Тоҷикони Самарқанду Бухоро бетарафанд ва аз ҳувияти худ дарак намедиҳанд”
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста