Дар анҷумани пеазинтихоботии Ҳизби демократи Тоҷикистон тасмим гирифта шуд, ки аз ҳавзаи ягонаи умумииҷумҳуриявӣ ҳизб тибқи рӯйхат 4 нафар номзадҳоро пешбарӣ мекунад.

Дар садри рӯйхати ҳизбӣ раиси ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов қарор дошта, ҳамчунин ба рӯйхат муовини аввали раиси ҳизб Таваралӣ Зиёев,  муовини раиси ҲДТ Маҳмудҷон Холов ва узви Шӯрои сиёсии ҲДТ Аҳмадшоҳ Комилзода шомиланд.

Қобили зикр аст, ки аз 8 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то имрӯз 6 ҳизб анҷуманҳои пешазинтихоботии худро доир намуданд. Рӯзи 27-уми декабр анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баргузор мешавад, вале санаи баргузории анҷумани пешазинтихоботии Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон бинобар сабаби мавҷуд набудани толор то ҳанӯз маълум нест.