Санаи 22 декабри соли 2014 мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбари Дафтари барномавии Намояндагии минтақавии UNODC барои Осиёи Марказӣ Алӣ Саряздӣ, ки муҳлати фаъолияташ дар Тоҷикистон ба итмом мерасад, баргузор гардид.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти ВКХ ҶТ, дар рафти мулоқот Алӣ Саряздӣ аз фаъолияташ дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар бахши татбиқи барнома ва лоиҳаҳо оид ба мубориза бар зидди қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва пулшӯӣ ёдовар шуд.
Гуфта мешавад, муовини вазири корҳои хориҷӣ Низомиддин Зоҳидӣ ба Алӣ Саряздӣ барои фаъолияташ ҷиҳати саҳмгузорӣ дар мубориза бо маводи мухаддир, инчунин мусоидати Дафтари барномавии UNODC ба сохторҳои марбутаи кишвар изҳори миннатдорӣ карда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш муваффақият хост.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста