Шумори номзадҳои аҳзоби сиёсӣ ба 22 курсии палатаи поёнии парлумон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ аз 88 нафар зиёд шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комисияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон хабар дод, то субҳи имрӯз 5 ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ рӯйхатҳои ҳизбии худро ба КМИР супурдаанд.
Хотиррасон шуд, ки ба рӯйхати Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – 28, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон – 28, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон – 6, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон – 7, Ҳизби демократии Тоҷикистон – 4 ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон – 15 нафар номзадҳо шомил шудаанд.
«Рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 27-уми декабр боз ду ҳизби сиёсии ҷумҳурӣ – Ҳизби коммунист ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон низ анҷуманҳои пешазинтихоботии худро баргузор мекунанд, ки дар онҳо номзадҳо аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ интихоб карда мешаванд», - афзуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 нафар вакилон иборат аст, ки 22 нафар тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 нафар вакилон аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб карда мешаванд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста