Маҷмаи Умумии СММ қатъномаеро таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об” бо иттифоқи оро қабул кард.
Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, қатъномаи мазкур бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон дар чаҳорчӯби банди 19-уми рӯзномаи Маҷмаи Умумии СММ, ки «Рушди устувор» ном дорад, таҳия ва пешниҳод гардида буд.
Қобили зикр аст, ки иқдоми мазкури Тоҷикистон чун ташаббусҳои қаблии кишвар дар Созмони Милали Муттаҳид дастгирии ҳамаҷониба ёфта, зиёда аз панҷоҳ кишвари узви СММ, аз ҷумла Австралия, Арманистон, Алҷазоир, Афғонистон, Бангладеш, Беларус, Боливия, Венгрия, Венесуэла, Гурҷистон, Зеландияи Нав, Индонезия, Ироқ, Испания, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Корея, Куба, Кувайт, Малайзия, Марокаш, Молдова, Монтенегро, Муғулистон, Озарбойҷон, Парагвай, Покистон, Қатар, Молдова, Русия, Ҷазираҳои Сейшел, Сенегал, Сингапур, Сурия, Судон, Таиланд, Тимор-Леште, Того, Туркманистон, Украина, Филиппин, Финляндия, Ҳаити, Ҳиндустон, Хорватия, Швейтсария, Шри-Ланка, Эритрея, Эрон, Яман, Япония ба рӯйхати ҳаммуалифони он дохил гардидаанд.
Тибқи қатъномаи мазкур ҷиҳати арзёбии раванди татбиқи Даҳсолаи амал “Об барои ҳаёт 2005-2015” ва муайян кардани иқдомоти минбаъда барои дастрасӣ ба рушди захираҳои обӣ баргузории ду чорабинии сатҳи баланд, яке дар Ню-Йорк (Муколамаи сатҳи баланд дар Маҷмаи Умумии СММ, моҳи марти соли 2015) ва дигаре дар Душанбе (Конфронси байналмилалии сатҳи баланд, моҳи июни соли 2015) ба нақша гирифта шудааст.
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015, ва талошҳои минбаъда барои дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об” идомаи иқдомоти Тоҷикистон дар масъалаҳои мудирияти устувори захираҳои обӣ маҳсуб мешавад.
Бо иттифоқи оро қабул гардидани қатънома бори дигар нишон дод, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар мавзӯи об аҳамияти ҷаҳонӣ дошта, мавриди таваҷҷуҳ ва пуштибонии кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид қарор доранд.



"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 35
Омор зидди ҳамён. Даромади аҳолии Тоҷикистон зиёд мешавад, лекин сифати ҳаёт не
Хатсайри нав дар масири Душанбе-Истанбул ва баръакс. Замони парвозҳо кай ва арзиши билет чанд аст?
Содирот аз Тоҷикистон афзуда, воридот ҳам суръат мегирад. Кадом молу маҳсулот бартарият доранд?
Миёни Душанбе ва Тошканд хатсайри автобус роҳандозӣ шуд
Бунёди маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии "Кӯлоб"
Рустам Ятимов гаронарзиштарин дарвозабон дар Осиёи Марказӣ ва шашумин дар қора шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 феврали соли 2026
Даъвои сокинони минтақаҳои табодулшудаи Қирғизистон: барои зиёрати қабри наздиконамон дар Тоҷикистон мусоидат кунед
Санъат Асо ба нафақа гусел карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон боз киро аз вазифа озод ва ё ба мансаб таъин кард?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста