Пленуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) пагоҳ, 27-уми декабр даъват шуда, рӯзномаи анҷумани пешазинтихоботии ҳизбро, ки низ ба соати 10-00-и ҳамин дар шаҳри Душанбе ба кор шурӯъ мекунад, тасдиқ месозад.
Котиби КМ ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар анҷуман рӯйхати ҳизбии номзадҳо ба вакилӣ аз ҲКТ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва барномаи пешазинтихоботии ҳизб пешкаши ҳамагон мегардад.
Ба гуфтаи вай, бинобар сабабҳои мушкилоти молиявӣ, ҲКТ рӯйхати комили иборат аз 28 нафарро, ки мутобиқи қонунгузорӣ иҷозат дода шудааст, пешниҳод карда наметавонад. «Ба гумони ғолиб, ба рӯйхати ҲКТ 10 номзад шомил мегарданд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки баъди анҷоми кори анҷуман бо иштироки собиқадорони ҳаракати коммунистии Тоҷикистон ба муносибати 90-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон конфронси илмиву амалӣ доир мегардад.
Хотиррасон шуд, ки ташкилоти вилоятии коммунистони тоҷик аз 29-уми декабри соли 1924 дар ҳайати Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуда буд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста