Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварда, роҳбарият ва ҳайати шахсии онро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози боздид аз Кумита Эмомалӣ Раҳмон бинои нави толори варзишии онро ифтитоҳ намуд.
Тавре аён гардид, ин бинои зебою барҳаво аз толори калони универсалӣ, толори хурди обутоби бадан бо таҷҳизоти варзишӣ ва толору утоқҳои ёрирасон ба мисли ҷойи ивази либос, гармоба, бунгоҳи тиббӣ ва ғайра иборат буда, бо истифода аз масолеҳи муосири сохтмонию таҷҳизӣ ва шабакаи ягонаи гармидиҳӣ бунёд ёфтааст.
Дар саҳни ҳавлии Кумита Эмомалӣ Раҳмон дар назди гӯшаи ёдгорӣ аз қаҳрамонону қурбониёни номдори соҳа гулчанбар гузошта, хотираи онҳоро пос дошт.
Дар толори калони маҷлисии Кумита бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд, ки дар оғози он Сарвари давлат суханронӣ намуда, аҳли толор ва тамоми кормандону собиқадорони ин соҳаро бо иди касбиашон шодбош гуфт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз қаҳрамонию ҷонфидоиҳои бешумори кормандони мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон дар солҳои гузашта ёдовар шуда, насли имрӯзи ин мақомотро ба сабақомӯзӣ аз саҳифаҳои ибратбахши таърихи пуршарафи ин соҳа ва ба хизмати содиқона ва далерию матонат дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият ҳидоят намуд.
Омодасозии босифати кадрҳои соҳа, пайваста баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии кормандон ва сохторҳои махсус ва муборизаи беамон бо ҷинояткории созмонёфтаи фаромиллӣ, хусусан терроризму ифротгароӣ, ки аз хатарҳои асосии ҷаҳони имрӯз ба шумор мераванд, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ номида шуд.
Бо изҳори қаноат аз боздошти чандин гурӯҳҳои террористию ифротгаро, ки қасди ба роҳ мондани амалиётҳои мудҳишро дар ҳудуди Тоҷикистон доштаанд, таъкид гардид, ки барои пешгирӣ ва бартараф намудани чунин хатарҳо ва таъмини ҳаёти амну осоиштаи мардуми кишвар аз тамоми имкону захираҳо бояд босамар истифода шавад.
Дар охир сарвари давлат аҳли толор ва мардуми ҷумҳуриро ҳамчунин бо арафаи соли нави мелодӣ табрик гуфта, таъкид дошт, ки дар ин рӯзҳо аҳли оилаи кормандони қурбоншудаи соҳаро аз ҷиҳати моддию маънавӣ дастгирӣ бояд намуд, то ки дар хонадони онҳо низ фазои идона ҳувайдо бошад.
Дар ҷамъомад ҳамчунин чанде аз кормандони ҷавону ояндадори соҳаи амнияти миллӣ сухан гуфта, ба президенти кишвар барои дастгирии пайваста аз ин мақомот арзи сипосу қадрдонӣ карданд.
Ҷамъомади тантанавии бахшида ба ҷашни касбии кормандони мақомоти амнияти миллӣ бо намоиши барномаи фарҳангии идона ба поён расид.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста