Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) тибқи рӯйхати ҳизбӣ 22 нафар номзадҳоро ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ намуд, ки дар он ғайриҳизбиён ҳам ҳузур доранд.
Дар садри рӯйхат Абдуназаров Амният, муовини раиси ҲСДТ ва Абдуманнонов Абдураҳим, роҳбари бахши ҳизб дар ноҳияи Ашт қарор дошта, ба рӯйхат ҳамчунин адвокат Файзинисо Воҳидова, раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров, адвокат Бузургмеҳр Ёров ва ҳуқуқшинос Шуҳрат Қудратов, ки айни замон дар ҳабс қарор дорад, низ шомиланд.
Ҳамчунин ба рӯйхати ҲСДТ Мирҳусайн Назриев, роҳбари эътирофнашудаи Ҳизби сосиалистии Тоҷикистон, номзади илм, журналист Улфатхонум Мамадшоева, Маҳмурод Одинаев роҳбари ташкилоти ҷамиятии зидди шиканҷа ва иқтисодчӣ Ҳоҷимуҳаммад Умаров низ дохил карда шудаанд.
Бинобар сабабҳои молиявӣ Дилбар Самадова, муовини раиси ҲСДТ Шокирҷон Ҳакимов ва Зариф Ғуломов номзадии худро бозхонданд.
Ба гуфтаи Шокирҷон Ҳакимов, маблағгузорӣ ба омода кардани шиору лавҳа ва дигар маводи таблиғотӣ аз ҳисоби номзадҳо ба вакилӣ аз ҲСДТ ва ҳамчунин воситаҳои давлатии тибқи қонун муқарраршуда маблағгузорӣ мешавад.
Ёдрас мекунем, ки палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон аз 63 нафар вакилон иборат аст, ки 22 нафар тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва 41 нафар вакилон аз ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб карда мешаванд.



Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста