Абдуҷаббор Аҳмедов, ки нимаи моҳи сентябр худсарона мансаби котиби якуми ташкилоти вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ишғол намуда буд, аз сафҳои ҳизб хориҷ шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Ҳизби коммунист хабар дод, дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизб санаи 27-уми декабр бо пешниҳоди раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов бо дастгирии шумори зиёди вакилон А.Аҳмедов аз сафҳои ҳизб хориҷ карда шудааст.
Ёдрас мекунем, ки санаи 21-уми ноябр котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки мансаби котиби аввали бахши ҲКТ дар вилояти Суғд аз ҷониби нафаре бо номи Абдуҷаббор Аҳмедов худсарона ишғол шудааст, ки тайи панҷ-шаш соли ахир ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ҳеҷ муносибате надошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста