Мубинҷон Маҳмудов, ки қаблан Кумитаи шаҳрии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар шаҳри Хуҷандро сарварӣ мекард, иҷрокунандаи вазифаи котиби аввали Кумитаи вилоятии ҲКТ дар Суғд таъин карда шуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Кумитаи марказии ҲКТ хабар дод.

Бино ба гуфти манбаъ, дар пленуми коммунистони вилояти Суғд, ки аввали соли оянда доир мегардад, масъалаи интихоби М.Маҳмудов ба ин вазифа баррасӣ хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки Мубинҷон Маҳмудов таҳти рақами 4 дар рӯйхати ҳизбии коммунистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шудааст.

Ёдрас мекунем, ки Абдуҷаббор Аҳмедов, ки нимаи моҳи сентябр  худсарона  мансаби котиби якуми ташкилоти вилоятии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ишғол намуда буд, аз сафҳои ҳизб хориҷ шуд.

Дар анҷумани пешазинтихоботии  ҳизб санаи 27-уми декабр бо пешниҳоди раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов бо дастгирии шумори зиёди вакилон А.Аҳмедов аз сафҳои ҳизб хориҷ карда шуд.

Санаи 21-уми ноябр   котиби ҲКТ, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Исмоил Талбаков ба «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки мансаби котиби аввали бахши ҲКТ дар вилояти Суғд аз ҷониби нафаре бо номи Абдуҷаббор Аҳмедов худсарона ишғол шудааст, ки тайи панҷ-шаш соли ахир ба Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) ҳеҷ муносибате надошт.