Ҳамаи 28 номзадҳои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ба вакилӣ дар парлумон тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ рӯзи 6-уми январ аз санҷиши донистани забони давлатӣ гузаштанд.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода дар ин робита иттилоъ дод, ки санҷиши номзадҳои ҲХДТ-ро намояндагони КМИР ва олимони соҳаи забоншиносӣ баргузор намудаанд. «Ҳамаи номзадҳои ҲХДТ аз сатҳи донишашон аз забони давлатӣ баҳои мусбат гирифтанд», - иброз дошт Додозода.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки имрӯз баргузории санҷиши дониши забони тоҷикии номзадҳои пешбаришуда аз Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиалистӣ ва Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар назар аст.
Ёдрас мекунем, ки дар анҷумани пешазинтихоботии ҲХДТ бо иштироки пешвои ҳизб, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 28 нафар номзадҳо ба вакилӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умуиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шуданд. Номзади ҷавонтарини ҳизб, корманди дастгоҳи иҷроияи президент Юсуф Маҷидӣ 26 сол дошта, дар садри рӯйхат ёвари президент оид ба сиёсати кадрҳо Абдуҷаббори Азиз қарор гирифт.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон бори нахуст сатҳи донистани забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ дар ҳамаи сатҳҳо санҷида мешавад. Номзадҳо ба вакилӣ дар палатаи поёнӣ ва болоии дар ҳузури аъзои КМИР ва мутахассисони соҳаи забоншиносӣ уҳдадор мешаванд, ки бо забони давлатӣ ҳолнома (автобиография)-и худро навишта, на камтар аз як саҳифа матни пешниҳодшударо қироат кунанд ва ҳамчунин бо забони тоҷикӣ суҳбат карда тавонанд.
Санҷиши донистани забони давлатии номзадҳо ба вакилӣ дар маҷлисҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ танҳо тариқи суҳбат сурат мегирад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста