Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Рӯдакӣ роҳбари Маркази исломшиносии назди президенти ҶТ Муродулло Давлатовро номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ кард. Дар ин бора як манбаъ аз ҲХДТ хабар дод.
Ёдрас мекунем, ки аз ин ҳавзаи якмандатии интихоботӣ аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон номзадии муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит пешбарӣ шудааст.
Дар даъвати кунунии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ҳавзаи мазкурро номзади аз ҷониби ҲХДТ пешбаришуда Давлаталӣ Давлатзода намояндагӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик ҲХДТ аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Сомонӣ номзадии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Хайрулло Сӯфиевро ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ карланист.
Дар даъвати ҳозираи палатаи поёнии парлумони кишвар ҳавзаи мазкурро низ узви ҲХДТ Галия Рабиева намояндагӣ мекунад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста