Аз нисф зиёди номзадҳои Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ), ки дар анҷумани пешазинтихоботии ҳизб санаи 27-уми декабр тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шуда буданд, аз иштирок дар маъракаи интихоботӣ даст кашиданд.

Раиси ҲКТ Шодӣ Шабдолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки аз 15 нафар номзадҳои тибқи рӯйхати ҳизбӣ пешбаришуда танҳо 7 нафарашон тавнистаанд, ки гаравпулии интихоботиро пардохт кунанд.

Акнун дар интихобот ба палатаи поёнии парлумон тибқи рӯйхати ҳизбии ҲКТ раиси ҳизб Шодӣ Шабдолов, котиби КМ ҲКТ Исмоил Талбаков, котиби якуми кумитаи ҳизбӣ дар вилояти Суғд Мубинҷон Маҳмудов, котиби якуми кумитаи ҳизбӣ  дар ноҳияи Мастчоҳ Мирзонаҷот Наботов, котиби КМ ҲКТ Заррагул Мирасанова, муовини сармуҳандиси ШСХК «Барқи тоҷик» А.Хабиров ва директори фабрикаи паррандапарварии ноҳияи Файзобод Маҳмадалӣ Одинаев боқӣ монданд.