Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ҷомӣ -28 раиси бахши минтақавии ҳизб дар гурӯҳи ноҳияҳои Қӯрғонтеппа Қамариддин Бековро ба ҳайси номзад ба Маҷлиси Намояндагон пешбарӣ кард.

Чуноне худи номзад Қамариддин Беков ба «Азия-Плюс» хабар дод, имрӯз дар конфронси пешазинтихоботии созмонҳои ҳизб дар навоҳии Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон номзадии ӯро якдилона дастгирӣ намуданд.

Манбаъ дар идомаи сӯҳбаташ илова кард, ки онҳо конфронси пешазинтихоботиашонро бо сабаби аз тарафи мақомоти маҳаллӣ ҷудо нашудани толор, маҷбур шуданд, ки дар манзили яке аз узви ҳизбашон дар ҷамоати Калинини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузаронанд.

«Мо ба раиси ноҳия ҳанӯз 31-уми декабр муроҷиат намуда, хоҳиш карда будем, ки барои гузаронидани конфронси пешазинтихоботиамон толор ҷудо намоянд. Раиси ноҳия ин масъулиятро ба дӯши раиси ҷамоати шаҳраки Куйбишев Алӣ Сайфиддинов гузоштанд, ки ахирӣ имрӯз хабар дод, ки толорашон дар таъмир асту дигар толоре надоранд, ки дар ихтиёри ҲНИТ гузоранд. Аз чунин ранг гирифтани кор мо ба дастгоҳи раиси вилоят занг зада хабар додем. Мутаассифона натиҷае ҳосил нашуд ва маҷбур шудем конфронсамонро дар хонаи яке аз узви ҳизб дар ҷамоати Калинин гузаронем», - иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз дастгоҳи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар сӯҳбат ба хабарнигори «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор дошт, ки воқеъан масъалаи ҷудо намудани толор барои конфронси ҲНИТ бар дӯши раиси ҷамоати шаҳраки Куйбишев Алӣ Сайфиддинов вогузор гардида буд. «Аммо дуруст аст, ки Кохи фарҳанги ноҳия тайи як соласт, ки дар таъмир буда, ҳамчунин толори маҷлисгоҳи ҷамоати шаҳрак низ аз таъмир бароварда мешавад ва дар маркази ноҳия дигар толоре нест, ки барои ҲНИТ ҷудо мешуд», - қайд кард номбурда.