Пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон (интихобот санаи 27-уми март таъин шудааст) рӯзи 11-уми март оғоз гардида, санаи 19-уми март ба итмом мерасад.
Роҳбари дастгоҳи КМИР Тоҷикистон Абдуманнон Додозода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мутобиқи қонунгузории кишвар, ҷараёни сабти расмии номзадҳои пешбришуда ба вакилӣ дар палатаи болоии парлумони Тоҷикистонро КМИР то 24-уми март ба анҷом мерасонад.
Хотиррасон шуд, ки бо қарори КМИР барои баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ 5 ҳавзаи интихоботӣ дар кишвар таъсис дода шудааст. Ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоби вакилони палатаи болоии парлумон дар шаҳрҳои Хоруғ (барои ВМКБ), Хуҷанд (барои вилояти Суғд), Қӯрғонтеппа (барои вилояти Хатлон) ва ду ҳавза дар Душанбе (барои пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ) ташкил карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки 25 аъзои палатаи болоии парлумонро вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ (панҷнафарӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ) интихоб карда, 8 нафар вакилони Маҷлиси миллиро президенти Тоҷикистон таъин мекунад. Собиқ президентҳои Тоҷикистон бо хоҳиши худ метавонанд якумра аъзои палатаи болоии парлумон бошанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста