- Анҷоми корҳои бозсозии нақби мошингарди «Истиқлол», ки қисмати марказии кишварро ба минтақаи шимол мепайвандад, моҳи ноябри соли равон дар назар аст, - иттилоъ дод ба журналистон зимни нишасти хабарӣ сардори Хадамоти давлатии назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди ҳукумати ҶТ Сиҷоуддин Саломзода.
Ба гуфтаи ӯ, нимаи дуюми соли гузашта ба корҳои бозсозии иншоооти мазкур суръат бахшида шуда, айни замон корҳо дар нақби заҳбурканӣ (дренажӣ)-и ҳавогузар идома доранд ва ҷараёни насби дастгоҳҳои рӯшноидиҳанда дар нақби асосӣ дар арафаи анҷомёбист. «Мутассифона, дар баъзе ҷойҳо об то ҳол ҷорист, ҳарчанд имрӯз вазъи нақб хеле беҳтар аст», - гуфт ӯ.
Тобистони соли гузашта Саломзода аз вазъи нақб нигаронӣ изҳор намуда буд. «Ҳафтаи гузашта мо ин нақбро гузаштем. Ростӣ, вазъаш хеле ғамангез аст», - иброз дошта буд Саломзода ва эътироф намуд, ки «вақте дар бораи нақби «Истиқлол» мепурсанд, худро ноҳинҷор ҳис мекунам».
Ёдрас мекунем, ки соли 20003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ - ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ - қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, сохтмони он то ҳанӯз идома дорад.
Моҳи апрели соли ҷорӣ ширкати эронии «Собир» корҳои идомаи сохтмони нақбро пас аз гузаронидани миқдори дуюми маблағ дар ҳаҷми 1,9 млн. $ ба суратҳисоби махсуси маблағгузорӣ ба идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» барқарор кард.
Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста