Ҳарифи Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи раҳбари ҲНИТ дар ҳавзаи интихоботии Қумсангир аз ҲХДТ собиқ раиси диаспораи тоҷикон дар шаҳри Магнитагорск ва собиқ раиси ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Сабуров пешниҳод шуд.

Бино ба гуфти як манбаъ аз дастгоҳи раиси ноҳияи Қумсангир, рӯзи 8-уми январ зимни як конфронси муштараки кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Қумсангир, Панҷ ва Ҷиликӯл собиқ раиси ноҳияи Панҷ ва корманди дастгоҳи Президенти кишвар Мирзодавлат Сабурово ба ҳайси номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Қумсангир пешбарӣ шуд.