Имрӯз, 12-уми январи соли 2015 конфронси интихоботии бахшҳои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ҷ. Рӯмӣ, Қубодиён ва Ҷиликул оиди пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи Ҷ. Румӣ №30 дар қароргоҳи бахши ҳизб дар шаҳраки Румӣ баргузор гардида, бо аксари оро номзадии вакил Абдуқаҳҳори Давлат пешниҳод гардид.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, кори конфронс дар фазои хуб пеш мерафт, аммо хонум Майрамбӣ Ғаффорова, муовини раиси ҳукумати Ҷ. Румӣ дар рафти суханронии Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизб ва вакили МН халал ворид кард. «Вақте Муҳиддин Кабирӣ гуфт, ки бояд аз Худованди карим шукргузорӣ кард ва аз миллати тоҷик барои ваҳдат ва бародарӣ шукрона кард, нохост хонум Ғаффорова аз ҷой бархоста, бидуни гирифтани иҷозат суҳбати М. Кабириро қатъ карда, ба овози баланд гуфт, ки бояд аз Ҷаноби олӣ шукрона кард», - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол, Муҳиддин Кабирӣ хитоб ба ӯ гуфт: "Мунтазир бошед, ман то ҳол ҷумлаамро ба итмом нарасондаам. Ҳатман аз Президенти кишвар ва Шумо барои ҳамкорӣ ташаккур мегӯям." Вале хонум Ғаффорова баъди халал ворид кардан ба нишони эътироз конфронсро тарк кард.
Зирк мегардад, ки дар кори конфронс 120 вакил ва 300 меҳмон ширкат карданд. Ҳамчунин, Муҳиддин Кабирӣ - раиси ҳизб ва вакили МН, Қамариддин Афзалӣ – раиси шуъбаи ҳизб дар вилояти Хатлон, Илҳомҷон Ёқубов – мушовири раиси ҳизб оид ба муҳоҷирати меҳнатӣ, Муҳаммадҷони Нурӣ – мушовири раиси ҳизб, Нуралӣ Сафаралиев – раиси Комиссияи ҳавза, Майрамбӣ Ғаффорова - муовини раиси ҳукумати Ҷ. Румӣ ва ғайра ҳузур доштанд.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста