Вобаста ба баланд шудани эҳтиёҷоти бозори дохилӣ ва зиёд шудани шумораи истеъмолкунандагони гази моеъ, ки имрӯз аз ҷониби истеъмолкунандагон, бахусус ронандагон ҳамчун сӯзишвории алтернативӣ истифода бурда мешавад, ҳаҷми воридоти он ба ҷумҳурӣ афзуда, аммо имрӯз мушоҳида мешавад, ки нархи чаканаи гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ баланд аст, ки ҳолати мавҷуда боиси нигаронии истеъмолкунандагон шудааст.
Ширкати «Фароз», ки пешсафи ҷумҳурӣ дар соҳаи воридоти гази моеъ ва маводи сӯхт мебошад, иқдом гирифтааст, ки дар фасли зимистон нархи чаканаи гази моеъро аз 3,2 сомонӣ то ба 2,5 сомонӣ барои як литри он коҳиш диҳад.
Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати «Фароз» хабар доданд, иқдоми мазкур яккарата набуда, минбаъд ширкат тамоми имкониятҳои мавҷудаи худро баҳри таъмини мунтазами бозори дохилӣ бо маводи сӯзишворӣ ва бо кафолати нархи дастрас пешкаши аҳолии ҷумҳурӣ намудани он мусоидат менамояд.
Гуфта мешавад, ширкати «Фароз» дорои инфрасохтори зарурӣ барои амалӣ намудани иқдоми мазкур аз қабили бузургтарин захираҷоҳои махсус барои нигоҳдории гази моеъ, шабакаи васеи нуқтаҳои фурӯши он дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ буда, манфиатҳои ҷамъиятро сармашқи фаъолияти худ қарор додааст.
Бино ба маълумоти Кумитаи рушди иқтисод ва савдои ҶТ, тайи солҳои ахир дар робита ба болоравии арзиши бензин ва сӯзишвории дизелӣ, қариб нисфи нақлиёти автомобилии ҷумҳурӣ ба истифодаи гази моеъ ба сифати сӯзишворӣ гузаштанд.
Тибқи маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 10 моҳи соли гузашта ба Тоҷикистон 130 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст. Воридоти ин навъи сӯзишворӣ ба ҷумҳурӣ асосан аз Қазоқистон ва дар ҳаҷми начандон зиёд аз Русия сурат мегирад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд
Дар маҷлиси навбатии ҳукумат омодагии кишвар ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2026-2027 баррасӣ шуд
Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026
Боздид аз Оромгоҳи Исмоили Сомонӣ ва Қалъаи Бухоро. Эмомалӣ Раҳмон дар Бухоро кадом мавзеъҳоро зиёрат кард?
Тахриби манзил дар Тоҷикистон: чӣ гуна метавон ҷуброн гирифт?
Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста