Мизони таваррум соли 2014 дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), моҳи декабри соли гуашта нарху тарифҳо ба молу хизматгузориҳо ҳамагӣ ба андозаи 0,5% афзудаанд, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи гузашта 0,2% зиёдтар аст.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон  сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2014-ро дар мизони 7,5% тарҳрезӣ намуда буд.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ сатҳи таваррум дар Тоҷикистон дар соли гузаштаро – дар сатҳи 7% ва Хазинаи байнулмилалии асъор – дар сатҳи 6,6% пешгӯӣ карда буданд.

Ёдрас мекунем, ки сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд