Адвокат Файзинисо Воҳидова, ки аз рӯйхати Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон номзад ба вакилӣ дар парлумон пешбарӣ шуда буд, аз иштирок дар маъракаи интихоботи парлумонӣ даст кашид.
Файзинисо Воҳидова ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки ӯ номзадии худро бозпас мегирад, зеро бар ин назар аст, ки ба фаъолияти адвокатӣ машғул шуда, ба ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон бештар нафъ меорад.
«Имрӯз парлумони мо як ниҳоди шахшуда (догма) аст. Барои ман он ҷо ҳеҷ коре нест. Барои чӣ ман он ҷо панҷ сол нишаста, танҳо тугма пахш намоям? Ман чунин мешуморам, ки аз ба курсӣ нишаста, ба чизе машғул набудан, ҳамчун адвокат бештар нафъам ба ҷомеаи шаҳрвандӣ мерасад», - гуфт Воҳидова.
Ҳамчунин адвокат қайд кард, ки ҷорӣ шудани санҷиши донистани забони давлатӣ барои номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон таҳқири намояндагони мардумӣ аст, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
«Вақте ҳуҷҷатҳо қабул мешаванд, ишора шудааст, ки миллати шахс «тоҷик» буда, дар Тоҷикистон таҳсил ва кор мекунад, ки дар он ҳамаи ҳуҷҷатгузорӣ бо забони тоҷикӣ роҳандозӣ шудааст», - зикр кард Ф.Воҳидова.
Ӯ инро як таҳқир шуморида, аз ин рӯ, номзадии худро бозпас гирифтааст. «Агар пештар мегуфтанд, ки парлумон як баталйони интизомӣ (муҷозотӣ) аст, пас имсол ман мушоҳида мекунам, ки тамоми шахсони нодаркори аз мансабҳо барои иҷро накардани ӯҳдадориҳояшон сабукдӯшшударо ба парлумон мефиристанд», - афзуд адвокат.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста