Ҳукумати Тоҷикистон дар назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо гурӯҳи кориеро таъсис додааст, ки масъалаҳои марбут ба эҳтимоли узвияти Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО)-ро меомӯзад.
Муовини аввали сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Неъмат Раҳматов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки «ин масъалаест, ки таҳлили ҳамаҷонибаро тақозо мекунад».
Ба гуфтаи Раҳматов, танҳо баъди омӯзиши дақиқу муфассали ин масъала аз ҷониби аъзои гурӯҳи корӣ, метавон дар бораи кадом як қарори мушаххасе ҳарф зад.
Ӯ бар ин назар аст, ки қабл аз шомил гардидан ба иттиҳоде, Тоҷикистон бояд ҳамаи натиҷаҳои имконпазири мусбат ва манфӣ аз ин ҳамроҳшавиро ба инобат бигирад.
Ёдрас мекунем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё аз 1-уми январи соли равон дар заминаи Иттиҳоди гумрукии Русияву Қазоқистон ва Белорус ба фаъолият шурӯъ кард. Айни замон Русия, Белорус, Қазоқистон ва Арманистон аъзои Иттиҳод мебошанд. Ҳамчунин созишномаи узвияти Қирғизистон ба ин Иттиҳод низ ба имзо расид, ки аз моҳи майи соли ҷорӣ мавриди амал қарор мегирад.




Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2026
"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста