Санаи 14-уми январи соли 2015 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжун баргузор гардид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни сӯҳбат масоили рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин ва татбиқи амалии натиҷаҳои мулоқоти сарони ду давлат, ки соли 2014 дар Душанбе ва Пекин баргузор шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.