Санаи 13 январи соли 2015 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, зимни мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, аз ҷумла вобаста ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфта мешавад, ҳамзамон дар мулоқот мубодилаи судманди афкор оид ба татбиқи Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ таҳти унвони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва талошҳои минбаъда ба мақсади дастрасӣ ба рушди устувори захираҳои об”, ки бо ташаббуси Тоҷикистон қабул гардидааст, сурат гирифт.
«Дар доираи татбиқи Қатънома баргузории ду чорабинии сатҳи баланд, Муколамаи сатҳи баланд дар Маҷмаи Умумии СММ моҳи марти соли 2015 дар ш. Ню-Йорк ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар моҳи июни соли 2015 дар ш. Душанбе мавриди муҳокима қарор гардид», - зикр мегардад дар хабари Вазорат.




Наврӯз - бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2026
Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон
Аз тасдиқи кушта шудани вазири истихбороти Эрон то ҳамлаҳо ба таъсисоти нафтии Қатар, Арабистон ва Иморот
Аз “Хоби сурх”-у “Автобус” то “Муҷассамаи ишқ”. Дар “Тоҷикфилм ТВ” кадом филмҳоро метавон тамошо кард?
Расонаҳо: Қамчибек Тошиев ба Қирғизистон баргашт ва ба бозпурсӣ даъват шуд
Абрнок ва баъзан борон меборад. Ҳавои рӯзҳои ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон
Нархи чиптаҳои ҳавопаймо ба самти Душанбе - Хуҷанд баланд шудааст?
Думаи давлатӣ қоидаҳои будубоши кӯдакони муҳоҷирон ва соҳибони патентро сангинтар кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста