Тайи ду ҳафтаи аввали соли равон қурби расмии арзи миллӣ – сомонӣ нисбати доллари ИМА ба андозаи тақрибан 0,8% поин рафт.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ба санаи 15-уми январи соли равон қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА – 5,3503 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ба санаи 1-уми январи соли ҷорӣ қурби сомонӣ нисбати доллари ИМА ба 5,3074 сомонӣ барои 1 доллари ИМА баробар буд.

Қобили зикр аст, ки давоми соли 2014 қурби арзи миллии Тоҷикистон – сомонӣ нисбати доллари ИМА ба миқдори 11,2% поин рафт. Ба санаи 1-уми январи соли гузашта қурби расмии сомонӣ нисбати доллари ИМА ба 4,7741 сомонӣ баробар буд.