- Соли 2015 Бонки осиёгии рушд (БОР) ҳаҷми кумак ба Тоҷикистонро тақрибан ба маблағи 20 млн. доллари ИМА зиёд карда, сатҳи кумаки солонаи тарҳрезишударо то 79 млн. доллари ИМА меафзояд, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти БОР.
«Аз рӯйи натиҷаҳои арзёбии дастовардҳои миллии доиргардида, БОР ҳаҷми солонаи воситаҳои ҷудомешуда ба Тоҷикистонро тақрибан ба маблағи 20 млн. доллари ИМА зиёд мекунад, аммо рақами ниҳоӣ вобаста ба натиҷаҳои гуфтушунид бо ҳукумат ва мавҷуд будани воситаҳои молиявӣ, метавонад тағйир дода шавад», - қайд кардааст намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си. Си. Ю.
Гуфта мешавад, воситаҳои барномаи соли 2015 ба дастгирии рушди бахши хусусӣ, роҳҳои оҳан ва захираҳои обӣ ва ҳамчунин беҳбуди муҳити сармоягузорӣ равона мегардад.
Дар маълумоти бонк зикр мегардад, ки аз 79 млн. доллари ИМА-и пешбинишуда 20 млн. доллари ИМА барои баланд бардоштани сифат ва самаранокии маълумоти касбӣ-техникӣ дар кишвар истифода бурда мешаванд.
«Боз 20 млн. доллари ИМА барои дастгирии барномаи буҷетӣ, ки дар доираи он як қатор ислоҳоти равонашуда баҳри беҳбуди муҳити сармоягузорӣ барои пешбурди сармоягузориҳои хусусӣ ва фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ дар ҷумҳурӣ дастгирӣ мешаванд, пешбинӣ шудааст. Бо назардошти коҳиши имконпазири ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирони корӣ бар асари беқурбшавии бесобиқаи рубли русӣ, ин кумак хеле муҳим аст», - баён мегардад дар хабари бонк.
Зимнан зикр мегардад, ки БОР ҳамчунин барои беҳбуди сатҳи идоракунии захираҳои обӣ ва беҳтар намудани шароити мутобиқат ба тағйирёбии иқлим дар минтақаи обёрии Чӯбек, ки ба афзоиши даромади фермерҳо мусоидат карда метавонад, дар ҳаҷми 30 млн. доллари ИМА лоиҳа таҳия мекунад. «Боз 9 млн. доллари ИМА-ро бонк барои таҳияи лоиҳа оид ба роҳҳои оҳан пешбинӣ кардааст», - илова мешавад дар иттилои БОР.
Ёдрас мекунем, ки Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти Бонки осиёгии рушд пазируфта шуда, то имрӯз БОР барои Тоҷикистон кумакҳо дар ҳаҷми ҳудуди 1,3 млрд. доллари ИМА ба сифати қарзҳои имтиёзноку бурсҳо ва ёрии техникиро маъқул шуморидааст.




Кадом беморон беҳтар аст, рӯза надоранд ва ҳангоми рӯзадорӣ кадом маризиҳо метавонанд хурӯҷ кунанд?
Иштироки омӯзгорони 4 донишгоҳи Тоҷикистон дар ҳамоиши байналмилалӣ дар Тошканд
Аз ҳамла ба киштии "Дена"-и Эрон дар уқёнуси Ҳинд то мавҷи нави ҳамлаҳо ба Эрону Исроил ва пойгоҳҳои Амрико
Расонаҳои Русия мегӯянд, ҳукми гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 12-уми март дар ҳузури расонаҳо эълон мешавад
Соли гузашта дар кадом минтақаи озоди иқтисодии кишвар чӣ қадар маҳсулот истеҳсол шудааст?
Сокинони кишвар дар моҳи март чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Беш аз 200 кас аз Эрон ва зиёда аз 110 кас аз Иморот ба Ватан омаданд. Тоҷикистон шаҳрвандонашро аз Ховари Миёна бармегардонад
Дар пайи садамае дар Душанбе се ҷавони 25-сола ҷон бохтааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 40
Низои маҳдуд, шиддатгирии вазъ ва бесуботии дохилӣ дар Эрон. Се гузинаи таъсири ҷанг дар Эрон ба Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста