Имрӯз зиёда аз 6,3 ҳазор гектар заминҳои корами Тоҷикистон аз ҷониби сармоягузорони Чин коркард мешавад.

Муовини вазири кишоварзии ҶТ Сиҷоуддин Исроилов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон ширкати чинии «Сзинян Инхай Хуантфантсюй» дар ноҳияи Данғара 6 ҳазор гектар заминро ба иҷора гирифта, ҳамчунин 300 гектар заминҳо дар ноҳияи Ёвон ва 46 гектар замин дар наздикии шаҳри Ваҳдат низ дар иҷораи сармоягузорони Чин қарор доранд.

Ба қавли Исроилов, фермерони Чин дар ин заминҳо зироати ғалладона ва пунбадона кишт мекунанд ва ба коркарди заминҳо таҳти раҳбарии мутахассисони Чин деҳқонони маҳаллӣ машғуланд.

Муовини вазири кишоварзӣ қайд кард, ки бо сармоягузорони Чин тавофуқ ҳосил шудааст, ки тамоми марҳилаи коркард то ҳосил шудани маҳсулот дар қаламрави Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, Исроилов таъкид дошт, ки соли гузашта зиёда аз 33,5 ҳазор заминҳои корам дар Тоҷикистон аз гардиши кишоварзӣ берун монда, сабаби асосии он ғайриқаноатбахш роҳандозӣ шудани корҳои хоҷагидорӣ дар онҳо аст.

Тибқи маълумоти гуногун, 93%-и қаламрави Тоҷикистон аз кӯҳҳо иборат буда, масоҳати умумии заминҳои корам дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ ҳудуди 865 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.