Суръати рушди воқеъии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли 2014 дар муқоиса бо соли 2013 ба андозаи 0,7% коҳиш ёфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки милии Тоҷикистон (БМТ), ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар соли гузашта ба 45,6 млрд. сомонӣ расида, рушди воқеии он 6,7 фоизро ташкил намудааст.

«Коҳиш ёфтани суръати афзоиши ММД-и воқеӣ нисбат ба соли 2013 ба андозаи 0,7 банди фоизӣ, пеш аз ҳама ба паст гардидани унсури талабот дар иқтисоди ҷаҳон ва пастравии рушди иқтисодиёт дар кишварҳои шарикони асосии савдо, ки аз нимсолаи дуюми соли 2014 инҷониб бештар мушоҳида гардид, вобастагӣ дошт», - омадааст дар маълумоти БМТ.

Қобили зикр аст, ки соли 2013 ҳаҷми ММД-и ҷумҳурӣ беш аз 40 млрд. 524,5 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба таносуби нархҳо аз нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 7,4% зиёдтар аст. Соли 2012 афзоиши ММД Тоҷикистон 7,5%-ро ташкил дода буд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 ҳукумат ҳаҷми ММД-ро  ҳудуди 48 млрд. сомонӣ бо афзоиши 7,6% ба нақша гирифта буд.