Давоми ду рӯзи оянда ду генерал-майори милисаи тоҷик – сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Анвар Тағоймуродов ва сардори Академияи ВКД Тоҷикистон Ҷӯрахон Маҷидзода, ки аз ҷониби ҲХДТ аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Қӯрғонтеппа ва Муъминобод номзад ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумон пешбарӣ шуданд, мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, аз мансабашон истеъфо медиҳанд.

Вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода имрӯз ба журналистон дар ин робита иттилоъ дод, ки сардори факултаи Академияи ВКД Тоҷикистон, полковники милиса Равшан Раҷабов низ бояд аз вазифааш ба истеъфо равад, зеро ӯ ҳам аз ҷониби ҲХДТ аз ҳавзаи интихоботии Конибодом номзад ба вакилӣ пешбарӣ шудааст.

Тибқи маълумоти расида ба «Азия-Плюс», дар ҳавзаи интихоботии Конибодом бо полковник Равшан Раҷабов барои курсии парлумон муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов рақобат хоҳад кард.

Бино ба иттилои сухангӯи ҲХДТ Усмон Солеҳ, ҲХДТ маъракаи пешбарии номзадҳ ба вакилӣ дар палатаи поёнии парлумонро ба итмом расонида, тибқи рӯйхати ҳизбӣ аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ 27 нафар ва дар тамоми 41ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ номзадҳои худро пешбарӣ кард. Шумори умумии номзадҳо ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон 68 нафарро ташкил дод, ки 8 нафарашон ғайриҳизбӣ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки палатаи поёнии парлумон аз 63 курсии вакилӣ иборат аст.