Рӯзи 16 январи соли 2015 вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Абдулғафур Орзу баргузор гардид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба ва ҳолату дурнамои ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, амният ва ҳифзи сарҳадот мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин роҷеъ ба тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, энергетика ва татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ табодули назари судманд сурат гирифт.