Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон бо даъвати мақомоти расмии Ҷумҳурии Чеченистони Русия ба ин ҷумҳурӣ сафар карда, имрӯз, 19-уми январ дар роҳпаймоӣ дар шаҳри Грозний алайҳи карикатураҳои танзомез ба унвони Паёмбари Ислом Муҳаммад (с) ширкат хоҳад кард.
Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, дар назар аст, ки дар пойтахти Чеченистон, Грозний бо иштироки шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳони Ислом роҳпаймоии садҳо ҳазор нафар алайҳи ифротгароиву экстрамизм ва дифоъ аз Паёмбари Ислом (с) баргузор хоҳад гашт.
Ёдрас мекунем, ки роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров ба Комсомольская Правда дар бораи баргузории ин раҳпаймоӣ хабар дода, зикр кардааст, ки бо «ҳамин васила мардуми Чеченистон муносибати худ ба рафтори иҳонатомези кормандони маҷалллаи Charlie Hebdo-ро изҳор карданианд».
Дар Instagram-и худ Рамзан Қодиров дар ин робита қайд кардааст, ки «тасмим гирифтем барои маҳкум кардани ин амалҳо раҳпаймоии мардумӣ доир кунем, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар он ширкати беш аз 500 ҳазор нафар дар назар аст». «Мо ба тамоми дину мазҳабҳо эҳтиром қоилем, вале ба касе иҷоза намедиҳем, ки Паёмбари моро таҳқир кунад», - иброз доштааст Қодиров.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста