Аз 63 нафар вакилони даъвати ҳозираи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 18 нафарашон ният доранд, ки дар парлумони оянда низ соҳиби ваколати намояндаи мардумӣ гарданд.
Аз КМИР Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ тибқи рӯйхати ҳизбӣ намояндагони ҲХДТ - Низом Қосим, Хайриниссо Юсуфӣ, Бибидавлат Афзалшоева, Олимҷон Сафаров ва Дилшод Исматуллоев, Ҳизби коммунист – Шодӣ Шабдолов ва Исмоил Талбаков, Ҳизби аграрӣ – Зайниддин Сафаров ва ҲНИТ – Муҳиддин Кабирӣ ва Саидумар Ҳусайнӣ такроран номзад ба вакилӣ пешбарӣ шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ вакилони даъвати кунунӣ – раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров, вакилон Олим Салимзода, Шарофиддин Сироҷов, Маҳмадалӣ Ватанов, Суҳроб Шарипов, Бадриддин Садриддинов, Акрамшо Фелалиев ва Нурулло Оқилзода номзад ба вакилӣ дар парлумони оянда пешниҳод шудаанд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста