Директори Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) Рустам Холиқов имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки дар робита ба дубора аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд - Душанбе, ФБД ва ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» огоҳиномаи расмӣ нагирифтаанд.
«Ман ҳам дар низоми хатсайрҳои ҳавоии санаи 29-уми марти ширкати ҳавопаймоии UZ Airways таҳти рақами HY 783 парвоз бо ҳавопаймои навъи «Airbus A320» бо хатсайри Тошканд - Душанбе ва парвози ҳавопаймо бозгашт ба Тошкандро дидам, аммо сохторҳои дахлдор дар бораи оғози парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайр огоҳинома нагирифта, фурӯши билетҳо ҳам оғоз нашудааст», - гуфт ӯ.
Холиқов ҳамчунин гуфт, барои анҷоми расмиёти оғози парвози ҳавопаймоҳо бо хатсайри Тошканд – Душанбе ва баръакс қариб се ҳафта муҳлат зарур аст, вале алҳол дар бораи ифтитоҳи ин хатсайр ҳеҷ маълумоте мо дар даст надоранд. «Агар ин кор ба воситаи Вазорати корҳои хориҷӣ ҳал шуда бошад ҳам, мо то ҳол хабардор нестем», - афзуд номбурда.
Сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Абдулфайз Атоев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ӯ ҳам аз ин маълумот огаҳӣ надорад. «Гузашта аз ин, гуфтаниам, ки ба журналистон дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон чизе нагуфтаам ва тамоми маълумоти чанд рӯз қабл интишоршуда бо такя ба гуфтаҳои ман, ба ман тааллуқ надоранд. Ин хабари хуб аст ва агар мо чунин маълумот медоштем, ба шумо хабар медодем», - қайд кард Атоев.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда васоити ахбори умум иттилоъ доданд, ки ширкати миллии ҳавопаймоии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йӯллари» («Uzbekistan Airways») аз 29-уми март ба роҳандозии парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсайри Тошканд – Душанбе оғоз мекунад.
Шахсони расмӣ алҳол ин хабарро ба ҳеҷ гунае шарҳ надодаанд, вале рӯзи 12-уми январи соли равон «Азия-Плюс» иттилоъ дода буд, ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе, баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба, Тоҷикистон ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста