Соли гузашта ба Тоҷикистон ба маблағи умумии 180 млн. доллари ИМА қариб 295 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми воридоти ин навъи сӯзишворӣ соли гузашта аз рӯйи ҳаҷм тақрибан 13% ва аз рӯи арзиш – 10,5% афзудаааст. Соли 2013 ба ҷумҳурӣ ба маблағи 162 млн. доллари ИМА дар маҷмӯъ 261 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида буд.
Қобили зикр аст, ки ин навъи сӯзишвориро Тоҷикистон асосан аз Қазоқистон (78% аз ҳаҷми умумӣ) ва ҳамчунин аз Русияву Туркманистон, Қирғизистон ва Латвия низ ворид мекунад.
Тибқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо, айни замон тақрибан 45%-и нақлиёти автомобилии кишвар бинобар сабаби гаронии бензин, ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.
Дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории Тоҷикистон айни замон гази моеъ беш аз ду маротиба арзонтар нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) фурӯхта мешавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста