Соли гузашта аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 234 млн. доллари ИМА ҳамагӣ каме бештар аз 125 ҳазор алюминий содирот шуд.
Бино ба маълумоти вазорату идораҳои дахлдори бахши иқтисоди кишвар, соли 2014 ҳаҷми содироти алюминий ба хориҷи кишвар дар муқоиса бо соли 2013 аз рӯи ҳаҷм 37,2% ва аз рӯи арзиш 36,8% камтар шудааст.
Соли 2013 низ ҳаҷми истеҳсоли алюминии аввалия дар Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) дар муқоиса бо соли 2012 аз рӯи ҳаҷм 25% ва аз рӯи арзиш 30% коҳиш ёфта, 200 ҳазор тонна ба маблағи умумии 370 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки 197 ҳазор тоннааш ба хориҷи кишвар содирот шуд. Соли 2012 Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 536 млн. доллари ИМА 265 ҳазор тонна алюминий содирот карда буд.
Соли гузашта алюминии Тоҷикистон асосан ба Туркия ва дар ҳаҷми начандон зиёд ба Эрон, Русия ва Чин содирот карда шуд.
Ёдрас мекунем, ки аввали соли гузашта раҳбарияти Ширкати алюминии тоҷик аз ҳукумати кишвар дархост намуда буд, ки бинобар сабаби «таъсири манфии буҳрони молии ҷаҳонӣ», ба ширкат кумаки молиявӣ расонад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста