Дафтари институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (ДИДҲБ/САҲА) ба таври расмӣ Миссияи Нозирони Интихобот (МНИ)-ро барои интихоботи парлумонӣ, ки санаи 1-уми март дар Тоҷикистон баргузор мешавад, боз намуд. Сафарбарсозии миссияи нозирон дар асоси даъват аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон сурат гирифтааст.
Бино ба иттилои Дафтари САҲА дар ҶТ, роҳбарии миссияи нозиронро ҷаноби Миклош Ҳарасти ба ӯҳда дошта, он аз 14 нафар ҳайати асосии коршиносон дар шаҳри Душанбе иборат аст. Илова бар ин, шурӯъ аз 24-уми январи соли 2015 дар саросари манотиқи кишвар 16 нафар нозирони дарозмуддат дар тимҳои дунафара сафарбар карда мешаванд. Иловатан, ДИДҲБ 150 нафар нозирони кӯтоҳмуддатро барои назорати ҷараёни интихобот дар рӯзи интихобот дархост хоҳад кард.
Миссия ҷараёни интихоботро мутобиқи ӯҳдадориҳои САҲА, дигар ӯҳдадориҳо ва стандартҳои байналмилалӣ оид ба интихоботи демократӣ ва ҳамчунин мувофиқати онро бо қонунгузории миллӣ назорат хоҳад кард. Нозирон бақайдгирии номзадҳо ва овоздиҳандагон, маъракаҳои ташвиқотӣ, фаъолияти маъмурияти интихобот ва мақомоти дахлдори давлатӣ, қонунгузорӣ оиди интихобот ва амалигардонии он, муҳити воситаҳои ахбори омма ва ҳаллу фасли баҳсҳои марбут ба интихоботро аз наздик назорат хоҳанд кард. Ҳамчун ҷузъи назорат, миссия инчунин пахши маъракаҳои интихоботиро тавассути расонаҳои хабарӣ мониторинг мекунад.
Дар ҷараёни назорат, миссия бо намояндагони мақомотҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо, намояндагони ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва ҷомеаи байналмилалӣ мулоқотҳо доир хоҳад кард.
Дар рӯзи интихобот, нозирон кушодашавии участкаҳои интихоботӣ, рафти овоздиҳӣ, ҳисобкунии бюллетенҳо ва ҷамъбасти натиҷаҳоро назорат менамоянд. Дар рӯзи интихобот, МНИ САҲА/ДИДҲБ фаъолияти худро бо ҳайати Ассамблеяи Парлумонии САҲА якҷоя ба роҳ хоҳад монд.
Изҳороти хулосаҳои пешакӣ фардои рӯзи интихобот ба табъ мерасад. Гузориши ниҳоӣ оид ба назорати кулли ҷараёни интихобот тахминан ду моҳ пас аз анҷоми раванди интихобот нашр мешавад
Миссияи Нозирони Интихоботии ДИДҲБ/САҲА ва Дафтари САҲА дар Тоҷикистон таҳти мандатҳои дахлдори худ ҷудогона фаъолият хоҳанд кард.



Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026
“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?
Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2026
Наврӯз - бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста