Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Абдуҷаббор Ширинов бар ин назар аст, ки калавиши қурби асъор дар бозори Тоҷикистон то замони ба эътидол омадани нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ ва мутаносибан устувор шудани вазъ дар иқтисоди Русия идома меёбад. «Пешгӯӣ мешавад, ки нархи нафт нимсолаи аввали соли равон ба эътидол меояд», - иброз дошт вай.
Ба қавли Ширинов, соли гузашта қурби расмии арзи миллӣ нисбати доллари ИМА ба андозаи 11,2% поин рафта, дар бозори нақдии кишвар бошад, ин нишондиҳанда 10,7%-ро ташкил додааст.
Ӯ таъкид дошт, ки соли 2014 Бонки миллӣ баҳри нигаҳдории қурби арзи миллӣ 137 млн. доллари ИМА ва 984 млн. сомонӣ маблағ равона кард.
Раиси Бонки миллӣ фишори соли гузашта ба қурби асъорро дар навбати аввал ба «вазъи шадиди геополитикӣ дар минтақа ва суръати начандон кофии афзоиши иқтисоди шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон» нисбат дод.




“Худоё, ба хайркунанда подош бидеҳ!”. Посух ба муҳимтарин саволҳо дар бораи фитри рӯза ва садақаи ҷория дар Рамазон
Давоми 5 соли наздик ба Тоҷикистон барои рушди соҳаи нақлиёт 2 млрд доллар лозим аст
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 марти соли 2025
“Ҷуз Худо, ба дигаре умед надорем”. Вокуниши пайвандони 4 маҳкумшудаи асосии ҳамла ба “Крокус” ба ҳукми додгоҳ
Исроил мегӯяд, Исмоил Хатибро ҳам куштааст. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон ва таниш дар Ховари Миёна
Кадом бозорҳои Душанбе ва чанд рӯз дар ҷашни Наврӯз кор намекунанд?
Имсол ҷашни асосии "Наврӯз" дар Душанбе мегузарад. Ба ин муносибат боз кадом чорабиниҳо баргузор мешавад?
“Отахон Латифӣ намехост давлат исломӣ шавад ва то охири умр коммунист боқӣ монд!”
Тоҷикистон ба Эрон кумаки башардӯстона фиристод
Эрон кушта шудани Алии Лориҷонӣ ва Ғуломризо Сулаймониро тасдиқ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста