Тамоили коҳиши содироти нахи пахта, ки яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, дар соли 2014 идома ёфт.
Сардори Раёсати омори савдо ва хизматгузории Агентии омори назди президенти ҶТ Фирдавс Асматбеков ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки соли 2014 аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи умумии 132,1 млн. доллари ИМА 86,4 ҳазор тонна нахи пахта содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2013 аз рӯи арзиш 30,2% ва аз рӯи ҳаҷм 24,5% камтар аст.
«Соли 2013 Тоҷикистон дар маҷмӯъ 115 ҳазор тонна нахи пахтаро ба хориҷи кишвар содирот карда буд, ки маблағи умумиаш 190 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Соли 2012 ин нишондиҳандаҳо мутаносибан ба 144 ҳазор тонна ва маблағи умумиаш ба 224 млн. доллари ИМА баробар буданд», - хотиррасон намуд Асматбеков.
Ба гуфтаи ӯ, соли гузашта нахи пахта аз Тоҷикистон асосан ба Туркия (40,7% аз ҳаҷми умумӣ), Эрон (21,4%), Русия (15,7%), Покистон (13,4%) ва дар ҳаҷми начандон зиёд ба Латвия, Чин, Аморати Муттаҳидаи Араб, Молдова, Белорус, Қазоқистон, Литва ва Арманистон интиқол дода шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҶТ, соли 2014 дар Тоҷикистон пунбадона дар майдони умумии ҳудуди 178 ҳазор гектар кишт шуда, дар маҷмӯъ наздики 373 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ шуд, ки аз нақшаи пешбинишуда 5,1% камтар аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста