Ширкати «Фароз» яке аз воридкунандагони сӯзишвории нафтӣ ба ҳисоб рафта, нисбати  дигар  воридкунандагони сузишворӣ, маҳсулоти нафтиашро арзонтар ба фурӯш мебарорад.

Тавре аз ширктаи мазкур хабар доданд, сабаб дар он аст, ки ширкат бо истеҳсолкунандагони сӯзишвории нафтии давлатҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Русия шартномаҳои ҳамкории мутақобила дошта, ҳар лаҳза ҳангоми поён рафтани нархи сӯзишворӣ дар бозорӣ ҷаҳонӣ, метавонад бо арзиши пасттар сӯзишвориро дастрас намояд.

«Истеъмолкунандагони гази моеъ дар ҷумҳурӣ рӯз аз рӯз зиёд шуда истодаанд, инчунин вобаста ба талаботи аҳолӣ бо ин намуди сӯзишворӣ дар рӯзгор, ширкат тасмим гирифта буд, ки нархҳоро коҳиш диҳад ва қаблан 10 рӯз пеш яку якбора ширкати «Фароз» нархи чаканаи гази моеъро аз 3 сомонию 20 дирам ба 2 сомонию 50 дирам барои як литри он коҳиш дод», - омадааст дар маълумоти ширкат.

Гуфта мешавад, чӣ тавре ки қайд карда шуда буд, ин иқдоми яккарата набуд ва имрӯз ширкат боз тасмим гирифт, ки нархи чаканаи гази моеъро аз 2,50 сомони то ба 1,90 коҳиш диҳад.