Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон дар робита андешаи адвокат Файзинисо Воҳидова, ки дар торнамои «Азия-Плюс» таҳти унвони «Санҷиши донистани забони давлатӣ таҳқир аст» ба чоп расид, посух интишор кард.
Дар сомонаи расмии КМИР ҶТ дар ин робита зикр мегардад, ки ин ақидаи адвокат беасос ва хилофи қонун буда, қонуни конститутсионии ҶТ “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ” муқаррар кардааст, ки номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бояд забони давлатиро донанд.
Зикр мегардад, ки ин талаботи қонунро КМИР ба инобат гирифта, санҷиши сатҳи донистани забони давлатиро барои номзадҳо роҳандозӣ намуд. «Шумо ҳуқуқшинос ҳастед ва аз қонунҳои кишвар хуб бохабаред. Мувофиқи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки забони давлатиро донад ва коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар ҶТ ба забони давлатӣ сурат мегирад», - омадааст дар вокуниш.
«Чаро ин меъёрҳои қонунро нодида мегиред ва оид ба ин масъала мардумро ба иштибоҳ мебаред. Шахсе, ки забони давлатиро намедонад чӣ гуна қонун таҳия мекунад? Илова бар ин, санҷидани сатҳи забони давлатиро донистани номзадҳо на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон мавҷуд аст. Чаро мардуми дигар давлатҳо аз он хуш пазироӣ мекунанду Шумо онро таҳқир меҳисобед?», - баён мегардад дар посух.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста