Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз созишнома миёни кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар бораи фароҳам сохтани шароити мусоид барои боркашонии байнулмилалии автомобилиро тасдиқ намуд.
Ба гуфтаи муовини аввали вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода, масъалаи таҳияи механизмҳои амалисозии созишномаи мазкур муддати 10 сол аз ҷониби коршиносони СҲШ мавриди баррасӣ қарор гирифта буд.
«Дар созишнома таъмини устувории транзити борҳо тариқи қаламрави кишварҳои узви СҲШ, соддакунии бақайдгирӣ, дастрасии раводид ва иштироки кишварҳо дар бунёди зербинои нақлиётӣ дар қаламрави дигар давлатҳои узви созмон дар назар буда, ҳамчнуин хатсайри ҳамлу нақли бор тавассути нақлиёти автомбилӣ аз Чин ба Тоҷикистон бо роҳи мошингарди Урумчӣ – Душанбе муайян карда шудааст», - қайд кард муовини аввали вазири нақлиёт.
Зимнан зикр гардид, ки дар созишнома ҳамчунин озод кардани иштирокчиёни он аз пардохти андоз аз истифодаи роҳҳои автомобилгард низ пешбинӣ шудааст.



Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста