Барои маблағгузорӣ ба амалисозии қисмати Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар, мақомоти Тоҷикистон сармоягузоронро дарёфт намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки созмонҳои байнулмилалии молиявӣ, ки ба сармоягузории ин қисмати лоиҳа розианд, муайн шуданд ва бо ин ниҳодҳо имзои созишномаҳои дахлдор зарур аст.

Вазир қайд кард, ки бо Бонки ҷаҳонӣ аллакай оид ба маблағгузорӣ дар ҳаҷми 45 млн. доллари ИМА ҷиҳати амалисозии лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон созишнома ба имзо расида, ҳамчунин Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Бонки исломии рушд ва Бунёди рушди Кувайт низ ба ҷудо кардани маблағ ба Тоҷикистон баҳри татбиқи ин лоиҳа омодаанд.

Ба қавли Усмонзода, рӯзҳои наздик дар Душанбе бо намояндагони БАТР вохӯрӣ доир мегардад, ки дар он масъалаи аз ҷониби ин ниҳоди молиявӣ ҷудо гардидани 65 млн. доллари ИМА барои амалисозии қисмати тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000 баррасӣ мешавад. «Амалисозии лоиҳа ҳамчунин дар ҳаҷми начандон зиёд аз ҳисоби воситахои ҳукумати ИМА ва Тоҷикистон низ маблағгузорӣ мешавад», - қайд кард ӯ.

Вазир изҳори итминон кард, ки давоми семоҳаи аввали соли ҷорӣ масъалаи маблағгузории лоиҳаи мазкур пурра ҳаллу фасл мешавад. «Дар доираи вохӯрӣ дар Истамбул моҳи декабри соли гузашта кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 ба мувофиқа расида буданд, ки ин масъала то аввали моҳи апрели соли равон ҳал мешавад», - афзуд Усмонзода.

Қобили зикр аст, ки нимаи аввали соли равон интихоби паймонкори кулл барои амалисозии лоиҳа дар назар буда, оғози бевоситаи корҳои амалисозии он моҳи июни соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст.   

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи декабри соли равон мақомоти дахлдори Тоҷикистону Қирғизистон ва Афғонистону Покистон  дар Истамбул созишнома дар бораи амалисозии Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100)-ро ба имзо расониданд.

Ҳамчунин ахири соли гузашта хабаргузориҳои Покистон иттилоъ дода буданд, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани хатти интиқоли баландшиддати барқи минтақавӣ CASA-1000, Покистон ният дорад, ки имкони дубора содироти барқи Тоҷикистон ба кишварҳои дигарро баррасӣ намояд.