Мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 ба мувофиқа расиданд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.
«Ба панҷ ширкати русиягӣ дастур дода шудааст, ки интиқоли ҳаҷми маҳсулоти нафтии дархостшудаи Тоҷикистон дар соли равонро таъмин намоянд ва мо ният дорем, ки имсол ин ҳаҷми зикршуда, яъне 830 ҳазор тоннаро дастрас кунем», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи вазир, соли гузашта тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ 576 ҳазор тонна аз ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.
Усмонзода таъкид намуд, ки бинобар сабаби афзоиши талаботи кишвар ба истифодаи гази моеъ, бо Русия ҳамчунин оид ба зиёд кардани ҳаҷми интиқоли ин навъи сӯзишворӣ аз ин кишвар ба Тоҷикистон низ тавофуқ ҳосил шудааст.
Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, айни замон тақрибан 50%-и нақлиёти автомобилии кишвар бинобар сабаби гаронии бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка), ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.
Зимнан зикр гардид, ки дар нуқтаҳои фурӯши маводи сӯзишвории Тоҷикистон айни замон гази моеъ беш аз ду маротиба арзонтар нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ фурӯхта мешавад.




“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?
Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2026
Наврӯз - бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2026
Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста