ҶСП «Зарубежнефтегаз» (корхонаи фаръии ҶСК «Газпром») захираҳои бузурги карбогидридҳои корношоям барои коркарди саноатӣ дар Тоҷикистонро кашф кард.
Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки ҶСП «Зарубежнефтегаз» корҳои пармакунӣ дар майдони Сариқамишро ба итмом расонида, аз рӯи натиҷаҳои он ҳашт қишри имконпазири мавҷудияти иншооти дорои нафту газ дарёфт шудааст, ки барои азхудкнии саноатӣ коршоям нестанд.
«Овозаҳои бо ин сабаб Тоҷикистгонро тарк кардани ин ширкат бепоя буда, натиҷаҳои бадастомада гувоҳи онанд, ки дар ин майдон захираи нафту газ мавҷуд аст ва аз ин рӯ, ширкат ба корҳо дар ин майдон идома медиҳад, зеро дар анҷоми корҳои иҷрошуда воситаҳои зиёд масраф гардида, онҳоро баргардонидан лозим аст», - гуфт вазир.
Вазир таъкид намуд, ки маълумоти бадастомада аз ин майдон зимни баргузории корҳои иктишофии геологӣ давоми сол аз ҷониби коршиносони пажуҳишгоҳҳои ширкати «Газпром» мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифта, сипас нуқтаи дуюми пармакунӣ муайян карда мешавад.
«Ғайр аз ин, мувофиқи созишномаи баимзорасида, давоми сол «Зарбежнефтегаз» дар майдони нафтугаздори Шоҳамбарии Ғарбӣ низ бояд корҳои иктишофиро ба роҳ монад», - афзуд Усмонзода.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҶСК «Газпром» аз баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар ду майдони ояндадори нафту гази дорои иҷозатномаи Тоҷикистон – Саргазон (дар ноҳияи Данағра) ва Ренгон (дар 20 километрии ҷануби шаҳри Душанбе) даст кашида буд.
Дар ҳамин ҳол, ширкати «Газпром» иттилоъ дода буд, ки ояндаи наздик дар майдони дорои иҷозатномаи Сариқамиш сохтмони чоҳи «Шаҳринав-1п» оғоз мегардад.
Корҳои пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» дар майдон ояндадори нафту гази Сариқамиш бо чуқурии 6450 метр тобистони соли гузашта ба итмом расид. Тибқи натиҷаҳои корҳои пармакунӣ ва баргузории маҷмӯи корҳои геологӣ ва геофизикӣ 8 иншооти имконпазири дорои нафту газ ошкор карда шуд.
Чуқурии чоҳи «Шаҳринав-1п» рекорди нави мутлақи пармакунии чуқурӣ ба ин ҳадд дар таърихи пармакунии чоҳҳои нафту газ дар Осиёи Марказӣ мебошад. То имрӯз чоҳи нафти пастхамии Фарғона дар шимоли Ӯзбекистон (6112 метр) чуқуртарин чоҳ дар минтақа маҳсуб меёфт. Чоҳи чуқуртарини нафту газ дар Тоҷикистон «Каратау-1» (6101 метр) дар ҷануби ҷумҳурӣ мебошад, ки соли 1991 парма шудааст.
Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.
Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш - 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд. Талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Маблағи аз ҷониби ширкати «Газпром» ба ин корҳо равонагардида дар маҷмӯъ беш аз 5,5 млрд. рублро ташкил медиҳанд.
Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста