Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Шавкат Соҳибов ба журналистон иттилоъ дод, ки ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба аввали соли равон 2,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22,5% баробар аст.
Ба гуфтаи ӯ, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии кишвар дар муқоиса бо аввали соли 2014 ба миқдори 106,3 млн. доллари ИМА камтар шудааст.
«Хизматгузорӣ ва пардохти қарзи хориҷии Тоҷикистон бо назардошти қарз аз Хазинаи байнулмилалии асъор (дар тавозуни Бонки миллии Тоҷикистон) ва қарзҳои таҳти кафолати ҳукумат дар соли гузашта ба маблаги 136,1 млн. доллари ИМА анҷом дода шуд. Аз ҷумла қарзи асосӣ дар ҳаҷми 104,5 млн. доллари ИМА ва ба маблағи 31,6 млн. доллари ИМА фоизҳо пардохта шуданд», - иброз дошт ӯ.
Соҳибов қайд кард, ки айни замон Тоҷикистон аз Чин – 911 млн., Бонки ҷаҳонӣ – 326 млн. ва Бонки осиёгии рушд – 277 млн. доллари ИМА қарздор аст. «Соли гузашта Тоҷикистон қарзҳояш ба Беларус (7 млн. $) ва Комиссияи Аврупо (5 млн. $)-ро пурра пардохт кард», - таъкид дошт муовини вазир.
Зимнан зикр гардид, ки соли равон пурра пардохт шудани қарзи кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба маблағи 8 млн. доллари ИМА дар назар аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста